Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ омад, маро мунаввар кард,

Ишқ омад, маро мунаввар кард, Атласамро дубора оҳар кард. Ҳафт оинаро, ки овардӣ, Ғами ман бар ғами ту бовар кард. Узри такрорҳои дил ин аст, Ки фақат номи ту мукаррар кард. Осмон, осмони бӯқаламун Абраашро ҳамеша астар кард. Фахру нозат гузашту мазҳака монд, Чархи тақвим гашти дигар кард. Оқибат як дарахти ар-ар шуд, Он ки бар гӯши чарх ар-ар кард. Зарабони баланду пасти туро Хати берӯҳи санги мармар кард. Лек бояд дубора наҳзат ёфт, Бумро ҳудҳуду самандар кард. Таҳният гӯ дили маро, ки кунун Бори дигар ба зистан сар кард.