Он ягонаи аслӣ аз раҳи маҷоз омад,
Он ягонаи аслӣ аз раҳи маҷоз омад,
Шодиёна деҳ, эй дил: ишқ, ишқ боз омад.
Осмони нилӯчашм чашми меҳрубоне шуд,
Офтоби зарринмӯ арғунуннавоз омад.
Пушти синаам себе ногаҳон таконе хӯрд,
Рӯди нуқрагесӯ ҳам об дар даҳон мегашт,
Пирияш ҷавонӣ шуд, шӯхи нағмасоз омад.
Ин дили таконхӯрда аз вазидани андӯҳ
Борҳо нагун афтод, боз сарфароз омад.
Эй дили залили ман, пеши кас мабар ҳоҷат,
Арҷманди олам шуд он ки бениёз омад.
Бонг мезанад аттор дар саросари бозор:
Ғоза аз Фаранг омад, нофа аз Ҳиҷоз омад.
Бар фарангие гуфтам, қанди порсӣ дорӣ?
Гуфт, аз диёри ту сад вагон пиёз омад.
Гуфтамаш, чӣ ҳам гӯям, вақти ишқ гуфтан нест,
Чунки бар сари халқам чарх ҳуққабоз омад.
Мужда медиҳам охир: то ману ту лутфи дӯст
Чун бирешими хуршед аз раҳи дароз омад.