Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ меояду дил ҳам ба задан меояд,

Ишқ меояду дил ҳам ба задан меояд, Ноқиле аз дили ту то дили ман меояд. Хешро ин ҳама сар додани мо ҳад дорад, Охир аз ҷониби афлок расан меояд. Эй басо рафта, ки дар кӯргираҳ дармонӣ, Дӯст ҳам бар сари ту сангфикан меояд. Зиндаам, зинда даруни лаҳади барфистон, Бо умеде, ки зи нав фасли суман меояд. Ишқро тафриқа магзор, ки бо кӯчаи ӯ, Сӯи Ҳақ муслиму тарсову шаман меояд. Баъди сад қарн, ки рафтам, ту ба дунё оӣ, Дили мову ту, азизам, ба сухан меояд.