Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Насими субҳ, ки аз ҳаштбоғ меояд,

Насими субҳ, ки аз ҳаштбоғ меояд, Чаҳор равзаи моро суроғ меояд. Биҷуст айб аз ин чорбоғи хушнафаҳот, Ҳар он фасурда, ки маҳкамдимоғ меояд. Чӣ ҷои шиква зи ташвишҳои умррабо, Ки баъди шавқи даводав фароғ меояд. Табибиву на туро марҳаму на марҳаматест, Дареғи дил, ки чунин доғ - доғ меояд. Саҳар амини гузар муждаи дурӯғин дод, Ки бар маҳаллаи мо ҳам чароғ меояд.