Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Муборак гӯ, муборак гӯ, ҷавонӣ боз меояд,

Муборак гӯ, муборак гӯ, ҷавонӣ боз меояд, На фасли наъш, баски нашъаи оғоз меояд. Туйи садсоларо бо чашми маҷнунона мебинад, Зи хушбахтӣ дили оина дар парвоз меояд. Дамодам чарх мегардӣ заминбӯсу самооғӯш, Ба роҳат чархи атлас низ пояндоз меояд. Бухорозоди беҷуғрофиёӣ, эй самарқандӣ, Ба шобоши ту пири ишқ аз Шероз меояд. Биё, боре, бифармо, лутф кун, дар парда нохун зан, Ки аз ин арғунуни кӯҳна ҳам овоз меояд. Қалам дар даст меояд нигоре бехату бехол, Бубахшо, бар мулоқоти ту бепардоз меояд.