Ҳам сӯзи нават бояд, ҳам сози нават бояд,
Ҳам сӯзи нават бояд, ҳам сози нават бояд,
Ҳам рӯзи нават бояд, ҳам рози нават бояд.
Эй шӯълаи афсурда, парвози нават бояд
В-эй ишқи фурӯмурда, оғози нават бояд.
Ин дам, ки насиби туст, бар коми адам мафкан,
Эй ҳамдами ғофилҳо, дамсози нават бояд.
Эй акси садои кас, худ асли садо мебош,
Тақлидгари дерин, овози нават бояд.
Эй қалби фурӯмурда в-аз бекасӣ озурда,
Аз ҷумлаи бедорон ҳамрози нават бояд.
Сар суда ба дафтарҳо, эй хома, ба тундӣ рав,
Содиқ чу қалам, эй дил, сарбози нават бояд.