Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хостӣ, ҳафт осмонро дар занӣ, нагзоштанд,

Хостӣ, ҳафт осмонро дар занӣ, нагзоштанд, Наъраҳо аз гунбади ахзар занӣ, нагзоштанд. Хостӣ, дар зулмати заҳҳокзори рӯҳҳо Аждарони нонаморо сар занӣ, нагзоштанд. Дар рухи оинаҳои кӯри ҷавҳарнопадид, Хостӣ, як мушт хокистар занӣ, нагзоштанд. Хостӣ, аз рӯи дунёи шарофатбохта Остини маъсиятро бар занӣ, нагзоштанд. Омадӣ, то хилъати абрешимии субҳро Бори дигар шуставу оҳар занӣ, нагзоштанд. Дар лаҷанзоре чаманзор офаридан зиндагист, Омадӣ, чаҳ-чаҳ дар ин қар-қар занӣ, нагзоштанд. Худ ту нагзорандаӣ ё ғайр нагзоранда аст, Хостӣ, аз худ бурунтар пар занӣ, нагзоштанд.