Баро бо ханда, эй хуршеди сармад,
Баро бо ханда, эй хуршеди сармад,
Ки бигрезад ҳама деву ҳама дад.
Чу ман худро ба некӯӣ надонам,
Ту кай донӣ маро, эй ғофил аз худ.
Чу нимонимаем аз рӯзи аввал,
На нағзи нағз ёбӣ, на бади бад.
Чаро маҳкуми ҳабси хонагиянд
Ду вораста таҳи чархи забарҷад.
Бузургон дар сарири кибриёянд,
Ҳақирон дар ғами ҷоҳанду маснад.
Фақат бар туст ҳоҷоти дили ман,
Қабулаш мекунӣ ё мекунӣ рад.
Хирадро гӯ, ки, эй ҳоилбарандоз,
Зи байни мулкҳо бардор сарҳад.
Ману шармандагиву саҳви бисёр,
Туву бахшандагиву лутфи беҳад.
Ба сад зиштии мо посух диҳӣ як,
Ба як некии мо посух диҳӣ сад.
Муҳаббат баҳри ман ваҳйи Илоҳист,
На мавзӯи қадимиву забонзад.