Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

То зи чашми беморат як нигоҳ нозил шуд,

То зи чашми беморат як нигоҳ нозил шуд, Ҷони сад ҳазорон кас бардариду бисмил шуд. Маҳрамона пайвастӣ нури худ ба нури ӯ, Шаб, ки бар шабистонат офтоб дохил шуд. Нола кард зебоӣ бехуд аз қиёми васл, Чун ба чашми оина чашми ту муқобил шуд. Чун фаришта хоҳам шуд парзанон ба болоҳо, Он нафас ки бар рӯям сояат ҳамоил шуд. Дер омадӣ, эй ҷон, фурсати фусурданҳост, Фасли ғунча буданҳо рағбати ту коҳил шуд. Ҳарфи ман ҳама ҷон шуд, ҳарфи тан чӣ мегӯӣ, Ҳарфи тан магӯ, эй ҷон, пой то сарам дил шуд.