Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй фасли турушширин, эй фасли тилоандуд,

Эй фасли турушширин, эй фасли тилоандуд, Баргӯ, ба куҷо тозад барге, ки фитад дар рӯд. Зардии чанористон, сурхии анористон Ҳам медиҳадам андӯҳ, ҳам мекунадам хушнуд. Ин субҳи шафақафрӯз чун тозагули Наврӯз Дорад гули довудӣ фархундатарин мавлуд. Гул ҳасту ҳазораш ку, дил ҳасту шарораш ку, Аз зоғ намеояд зарби нафаси Довуд. Бе завқи парафрозӣ, бе фикри навоғозӣ Ҳайф аст, ки пар резад ин рӯзу шаби масъуд. Ин фалсафаи маҳзун тағйир намеёбад: -Яъне ки сафар кардан аз буд сӯи нобуд. Озод шав, эй банда, эй раҳрави оянда, Шаш қитъа кушод Одам дар шашдараи масдуд. Бархезу ҷаҳон паймо, сад ағбаи ҷон паймо, Пайғому салом овар, эй дил, дили бепадруд. Борони ҳидоят шав, хуршеди иноят шав, Сарлавҳи муҳаббат шав, эй нектарин мавҷуд!