Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Зи пушти интизорӣ ёр меояд, намеояд,

Зи пушти интизорӣ ёр меояд, намеояд, Шаҳе аз пардаи пиндор меояд, намеояд. Ба боми мо ҳам он хуршед метобад, наметобад, Ба боғи мо ҳам он ҷӯбор меояд, намеояд. Азизе бехабар аз несту нестони ҷони мо Ба қатли ин ҳама инкор меояд, намеояд. Дар ин меодгаҳ аз беқарорӣ по ба по кӯбам, Надонам, лаҳзаи дидор меояд, намеояд. Ду чашми осмоният, ки чун ду сура нозил шуд, Ба ифшо кардани асрор меояд, намеояд. Мусулмонтар зи ту меояд, аммо аз ту инсонтар Дар ин чархи куҳантакрор меояд, намеояд. Дами охир ба ҷуброни ҳама ноомаданҳояш Муҳаббат бар ҷаҳон як бор меояд, намеояд.