Озмоиш омаду ишқи ту ҳам мағлуб шуд,
Озмоиш омаду ишқи ту ҳам мағлуб шуд,
Чеҳраи маҳбуби ман пеши ту номаҳбуб шуд.
Дил асое дошт бо номи муҳаббат то ҳанӯз,
Он асо бишкаст имрӯзу дилам маъюб шуд.
Исии уммеди ман бо чормехи ҷоншикоф
Дар салиби шашдара бо дасти кӣ маслуб шуд.
Мушт омад аз қазо дар синаи нозукдилон,
Орзуҳои булӯрин реза шуд, саркӯб шуд.
Дил тиҳӣ шуд, дил тиҳӣ шуд, дил тиҳӣ шуд, дил тиҳӣ,
Чунки ҷорӯби хиёнатҳо саодатрӯб шуд.
Дӯст аз нодӯст шуд ташхис дар ин имтиҳон,
Ҳосили бишнохтанҳо хуб ё нохуб шуд.
Шукр мегӯям, ки бо фатвои он Яктотарин
Бори дигар, бори дигар дил баҳорошӯб шуд.