Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҷони ман тарҷумони ҷони ту шуд,

Ҷони ман тарҷумони ҷони ту шуд, Чашми ман шореҳи ниҳони ту шуд. Ту накун тарҷумонии хуршед, Чунки хуршед тарҷумони ту шуд. Шамс бо ин баландпоягияш Нур дар нур нардбони ту шуд. Субҳи оянда чист, медонӣ, Хатти Холиқ, ки армуғони ту шуд. Офтобе, ки пушти панҷара монд, Сахт муштоқи осмони ту шуд. Ту дуъои маро надида нагир, Ки мададгори ҷовидони ту шуд. Ин се ҳарфе, ки ту намедонӣ, Посухи ман ба чистони ту шуд.