Баҳори оламошӯбе, ки гул бо гул биёмезад,
Баҳори оламошӯбе, ки гул бо гул биёмезад,
Сабо парвезане гирад, ки дар ҳар кӯча гул безад.
Чунон гулзор мехоҳам, ки шаш сӯро ба шӯр орад,
Чунон анвор мехоҳам, ки бо нӯҳ чарх бистезад.
На ман он чуғзи бадфолам, ки бо вайрона хӯ гирад.
На ман он шабпарак бошам, ки аз хуршед бигрезад.
Чӣ суде дорад ин ҳастӣ бад-ин сон мурдарангиҳо,
Биё, то ҳастият моро мароқи ҳастӣ ангезад.
Чу бар хомӯшӣ амрат шуд, қаламро най накун,
эй дил,
Худоро, нола камтар кун, ки шери найситон хезад.
Ватан, Яъқуби пири ман, илоҳо Йусуфат ояд,
Ки дар ин кулбаи эҳзон чароғи шодӣ овезад.
Ватан, нури савоби ман, ба ҷурми ман чӣ мебинӣ,
Чу бо нурат вузӯ гирам, гунаҳҳоям ҳама резад.
Чу рафтам, тоири рӯҳам ҳамоно нағма хоҳад хонд
Дар он рушанбаҳоронат, ки гул бо гул биёмезад.