Садбаргро мутолиа кун, эй чамантабор,
Садбаргро мутолиа кун, эй чамантабор,
Аҳсант гӯ ба ҳавсалаи ношири баҳор.
Сад сол шуд, ки ҳеч маро нест иттилоъ
Аз матни ду ҷаридаи Наврӯзинтишор.
Сад сол шуд, маро, мани дарбандмондаро,
Як бор аз муҳосираи ёди худ барор.
Табрик гӯямаш, ки маро зуд кардааст
Ёди ғурурманди ту соқит аз эътибор.
Гӯянд, дил бидеҳ, надиҳам, баски дил маро
Он қадр кӯҳна шуд, ки наояд дигар ба кор.
Бар ҳурмати ҳамон, ки ҳаминҳо биёфарид,
Дорам басе муҳаббати нозук ба мӯру мор.
Бар ҳурмати ҳамон, ки надорад муродифе
Дил мурду зинда шуд зи сари нав ҳазор бор.