Парвардагор, ёри маро дар паноҳ дор,
Парвардагор, ёри маро дар паноҳ дор,
Он гурди шаҳсувори маро дар паноҳ дор.
Меҳри сафар гузиду бароям ғам офарид,
Ғамофаридагори маро дар паноҳ дор.
Аз қуллаи ғурур ба поям ҳамефитод,
Дарёи кӯҳсори маро дар паноҳ дор.
Аз рустост он кӣ бишуд шаҳриёри дил,
Эй ишқ, шаҳриёри маро дар паноҳ дор.
Гирён чу порсо буду қаҳ-қаҳзанон чу ринд,
Сӯфии майгусори маро дар паноҳ дор.
Он чун ситора дури маро нури тоза деҳ,
Ин хоки бешарори маро дар паноҳ дор.