Субҳро карданд дар ман ихтисор
Субҳро карданд дар ман ихтисор
Ҳамраҳони кофари зулматнисор.
Бо ҳақирон шину хезе доштам
В - аз ҳақорат рехтам дар худ ғубор.
Ҳой ҷон, хуршедро таҷдид кун,
Ҳой дил, баргард бар самти баҳор.
Шаш ҷиҳат ғарқ аст дар дуди сияҳ,
Осмон ҳам мекашад аз ғам сигор.
То ҳақиқат дар таҳи кафши риёст,
Бар наҷоти ӯ шитоб, эй ҳақгузор,
Як-ду абрешим фаротар мезанем,
Ишқ, бо ман нағмаи улвӣ барор.
Мебурам аз ҳалқаи бемоягон,
Меравам то худ аз ин беҳудазор.
Мебурам аз фикрҳои бевузӯ
В-аз шаку тардидҳои ҳақфишор.
Эй суханҳои тароватбохта,
Вожаҳои кӯзпушти сӯгвор.
Ҳарфҳо - берабту аз ҳам рехта,
Шеваҳо - пасмондаи перору пор.
Шеър меъроҷ аст ё афтодагӣ,
Ишқ- парвоз аст, ё хоки мазор?!
Рӯҳи ман, бори дигар гӯ, ассалом
Бар сухан, бар нур, бар боло, ба ёр!
Бар нишонии кӣ бифристам туро,
Эй дил, эй дил, номаи ноинтишор.