Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дер кардем бар саломи баҳор,

Дер кардем бар саломи баҳор, То парӯ шуд ба хок ҷоми баҳор. Кош, ҳамрутбаи чаман будам, Ҳамсафи боғу ҳаммақоми баҳор. Кӯдаконро дуруд мегуфтам Ҳамчунон ғӯраҳои хоми баҳор. Рухнамои сипеҳри нилӯист Ҷӯйборони чун рухоми баҳор. Дӯст, моро иҷоза хоҳӣ дод Баҳри шобоши субҳу шоми баҳор. Дили ман, мисли лолаи Наврӯз Сар баровар ба эҳтироми баҳор. Беқарорӣ, надорӣ оромиш Чор фасле зи вирди номи баҳор, Сахт чӯбак бизан чу боронҳо, По ба по зан ба рӯи боми баҳор. Мазаи ишқро намедонӣ Дар ҳамин лаҳзаи қиёми баҳор. Ман надонам, чӣ кор мекардӣ, Гар диҳандат даме зимоми баҳор. Ту пас аз марг низ хоҳӣ зист Бо ҳаёти аладдавоми баҳор.