Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хайр, паноҳат ба Худо, эй баҳор,

Хайр, паноҳат ба Худо, эй баҳор, Хайр, ало нағмаи нӯшини пор. Шукру дареғо, ки дили коҳилам Нест дигар, нест дигар беқарор. Ишқ туӣ, ишқ туӣ, ишқ ту, Сабзтарин ҳадяи Парвардагор. Ғайб назад дар паси тақвим ҳам Ёди шафақпартави шабзиндадор. Ҳусни туву ҷурми ман, эй ҷони ҷон, Сахт фузун аст зи ҳадди шумор. Метапад, азбаски тапиш кори ӯст Лолаи дар пушти қафас интизор. Дар талаби акси туву асли ту Бори дигар омадам оинавор. Эй дили навзоду куҳанпир, боз, Боз бизан, боз бизӣ, дӯст дор!