Эй маърифат, эй фариштаи мӯъҷизакор,
Эй маърифат, эй фариштаи мӯъҷизакор,
Дар кӯчаи мо низ бикун гаштугузор.
Бигзор зи будани ту огоҳ шаванд
Ин равзанабастаҳо зи анбӯҳи ғубор.
Бигзор бурун шаванд бар дидани ту
Беоинаҳо низ зи пушти зангор.
Ороиши рӯву мӯ гузоранд ҳама,
Берун бидаванд бонувон аз толор.
Пешонии танги кӯчаро соз васеъ,
Моро ба фарохнои андеша барор.
Ман низ ҳуруфи тоза бояд гӯям,
То чанд ба бозор барам меваи пор.
Сад шукр, ки рухсати ҳузурам доданд
Дар анҷумани чиҳилуми тозабаҳор.
Азбаски насими ишқ таъхир намуд,
Дар синаи беҳаво дилам баст мағор.
Афсӯс, ки моҳвора ҳам қодир нест,
То пахш кунад аз осмонҳо ахбор.
Эй ишқ, маро дар ин саропардаи хоб
Як бӯса накардӣ, ки накардӣ бедор.