Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Вой аз ин зулмати ҳастифишор,

Вой аз ин зулмати ҳастифишор, Равзанае нест барои фирор. Шукр бигӯяд, ки нафас каш, нафас, Куфр бигӯяд, ки нафас боз дор. Навҳа кашӣ ё накашӣ ишқ мурд, Мард бишав, ҳой дили сӯгвор, Мурд, вале ёди азизаш бишуд Дар дили ман кавкаби дунболадор. Ҳарб кунад бо тани танҳои ман Лашкари ташвиши фузун аз шумор. Гарчи дусад бор сарашро бурам, Хома нависад, ки «салом, эй баҳор!» Шод бизӣ, эй зи ҳама бениёз, Бо манат, афсӯс, наяфтод кор. Ёр, аё ёри самоии ман, Кош, ба ман ҳам бидиҳӣ эътибор.