Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Нав мешавам, нави нав, аммо пагоҳи дигар,

Нав мешавам, нави нав, аммо пагоҳи дигар, Бар субҳ мегароям бо рӯҳу роҳи дигар. Роҳи ману ҳама кас шояд, ки инчунин аст: Аз иштибоҳ рафтан то иштибоҳи дигар. Сад тавба як гунаҳро шӯяд ва ё нашӯяд, Сад тавбаро дилам шуст бо як гуноҳи дигар. Аз қоби дил бигирам тимсоли ину онро, Аз хокиён насозам хуршеду моҳи дигар. Фармо, ки тоза кардам ин ҳафт хонаи чашм, Зеро, ки нағз дидан хоҳад нигоҳи дигар. Эй дӯст, аз ҳамин шаб ишқи туро пазирам, Гар зиндаам гузорӣ то субҳгоҳи дигар. Вақте ки бор бастам, ҷуз ишқ, ишқи барҳақ Бар зинда мондани ман набвад гувоҳи дигар.