Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омадам хона, дар кушо, модар,

Омадам хона, дар кушо, модар, Ассало гӯй, ассало, модар. Аз куҷоям ман, аз куҷоям ман, Аз куҷоӣ ту, аз куҷо, модар. Меҳрҳои туянд бепардохт Дил ба дил, ҷон ба ҷони мо, модар. Қарзи ман аз ду олам афзун аст, Бо чӣ раҳ мекунам адо, модар. Ту ба сад ҷон зи ман ризоӣ, лек Манам аз хеш норизо, модар. Хидмататро накардаам, маъзур, Сахт шармандаам, аё модар. Ҷои хидмат муҳаббат овардам, Ҳақ намудам ва ё хато, модар. Худ ту ишқӣ, бале, фақат ишқ аст Маънии модару Худо, модар. Офтобона дар ҳаёти ман Ҷовидон кун даро - баро, модар.