Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биё ба куштани кобус, эй азони саҳар,

Биё ба куштани кобус, эй азони саҳар, Ба мағзҳои шаболуда рӯшанӣ густар. Ба ман иҷозаи рафтан биёр то Афранг, Дуруд бар ту, аё қосиди фурӯзонфар. Бигуфт муршиди ман: Эй равонаи Мағриб, Ба кӯлбор бинеҳ офтоброву бибар. Чун офтоб нашуд чокари мусаллами ӯ, Дар он ҷазираи абрист ранги хокистар. Бале, сипос туро, муршиди ҳумоюнфол, Ки медиҳӣ ба мани раҳнишин дуои сафар. Надод шарқ вузӯям дар обшори шафақ, Чӣ сон шавам таҳи борони ғарб тозаву тар. Тулӯъи тоза набахшад тамаддуни мағриб Ба ман, ба он ки ғурубидааст дар ховар. Маро зи дидани фисқу риё таҳорати чашм Шикастааст, барои вузӯям об овар. Биёр лолаи иффат зи қуллаи имон, Биёр оби таҳорат зи чашмаи бовар. Миёни машриқу мағриб намениҳам сарҳад, Ки як замини Худо ҳаст ин ҷаҳони дудар. Ба ишқ гӯй, ки девор аз миён бардор, Биё чу Исии рафта ба шодбоши башар. Ай одамони сапеду сиёҳу сурху кабуд, Хуҷаста бод ба сад шакл ваҳдати ҷавҳар. Муроди ман зи сафар хешро шинохтан аст, Сӯи ҳақиқати худ мекунам сулуки дигар.