Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар,
Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар,
Нагзор, маро нагзар, бемор нашав, модар.
Бардор сар аз болин, аз қулла шуъо барчин,
Хуршеди фурӯзонфар, бемор нашав, модар.
Бар шодии қоқуҳо, бар ҳурмати ҳулбӯҳо,
Бар хотири нилуфар, бемор нашав, модар.
Аз синаи чоки ман бемор шавӣ, афтад
Ёқут ба хокистар, бемор нашав, модар.
Бо қавм кунам пархош, бо хеш кунам пайкор,
Мебош маро довар, бемор нашав, модар.
Эй субҳи тулӯъи дил дар зулмати обу гил,
Бахшо ба ҷаҳон ҷавҳар, бемор нашав, модар.
Эй нусрати раббонӣ, эй қуллаи инсонӣ
В-эй аз ҳама болотар, бемор нашав, модар.
Эй Марями беисӣ, моем ҳама осӣ,
Поло ҳамаро аз сар, бемор нашав, модар.
Бар ҷомеаи бемор, бар миллати бетӯмор
Фатвои наҷот овар, бемор нашав, модар.