Эй ишқи хокистаршуда, то ҷовидон ёдат ба хайр,
Эй ишқи хокистаршуда, то ҷовидон ёдат ба хайр,
Дар хотира пар - пар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр.
Заҳре, ки дар дил мондаӣ, чун заҳрпечак сар назад,
Як бӯстон шаккар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр.
Гуфтам, ки фардо чун шавӣ, дар гӯри дил мадфун шавӣ,
Эй сабзу боровар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр.
Аз гунбади сурхи дилам пайки сабоҳат рез, рез,
Рӯшантар аз кафтар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр.
Бар ҳурматат ҷону дилам, ин банд - банд обу гилам
Аз беху бун дигар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр.
Ин ояҳои гул ба гул, ин сураҳои навсулул
Бар мурда гулчанбар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр.
Омин, ки бисмиллоҳи туст, оғози сабзи роҳи туст,
Эй мурда, яъне сар шуда, то ҷовидон ёдат ба хайр.