Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Накунам талаб, ки ҷоно, зи само ситора овар,

Накунам талаб, ки ҷоно, зи само ситора овар, Ба дукони васладӯзон дили пора-пора овар. Ба ҳазор моҳвора натавон ба шаб зафар кард, Ту ба боми фикри мо ҳам ду-се моҳвора овар. Зи фишори тангзарфӣ камари сухан шикастам, Бикушой банд-бандам, сӯи беканора овар. Сухани бараҳнае гӯ, ки чу об сода бошад, На маҷоз овар ин бору на истиора овар. Ту найиву бӯриёям, ту ҳайиву кибриёям, Тапиши хуҷастаатро ба дилам дубора овар.