Чун биёӣ, баҳорро овар,
Чун биёӣ, баҳорро овар,
Ҷони фурсатшуморро овар.
Дар саломи ту атса зад гули себ,
Себи минӯтаборро овар.
Сабз дар сабз ду ҷарида турост,
Рози ноинтишорро овар.
Зарбае зан ба қалби безарабон,
Тапиши сабзи порро овар.
Ҷони ман, то ки ҷони ман бинӣ,
Ҷони оинаворро овар.
Чанд таъхиру ғафлат, охир чанд,
Охир, эй Ёр, ёрро овар.
Бо тамомият, эй банӣ Ҳурмузд,
Лутфи Парвардагорро овар.