Нутқи табрикии булбул шунавам чори саҳар
Нутқи табрикии булбул шунавам чори саҳар
Дар табассумкадаи ёсуману нилуфар.
Ҳой гулҳои азиз! Омадану рафтан чист,
Чист ин тантанаи зиндагии пар-пар-пар.
Бо шитобе гузаранду ба шумо кай нигаранд
Ин ҳама халқ, ки бар оши наҳоранд хабар.
Чаҳ-чаҳи улвии ман ҳам малакутӣ мебуд,
Агар аз барги гуле дошта будам минбар.
Фолбин гуфт, ки ишқат ба ғуруб омадааст,
Рост ҳаргиз набаромад сухани ҷодугар.