Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Гулҳои обон, гулҳои мастур,

Гулҳои обон, гулҳои мастур, Гулҳои манзум дар фасли мансур. Бар қаҳ - қаҳу ноз, бар чаҳ - чаҳи роз Дер омад охир аз ғайб дастур. Пушти уфуқҳо якчандмоҳа Таътил дорад хуршеди масрур. Густарда пирӣ рахти рафоҳат, Дил метапад боз ноҷӯр, ноҷӯр. Дорад ҳамоно бардорузанҳо Дар пушти пушта ин зиндадаргӯр. Бӯётаринӣ, гӯётаринӣ, Зеботаринӣ, эй лолаи Тур. Гаҳ шарқиёна, гаҳ ғарбиёна Гӯям суханҳо пӯшидаву ур. Дилрову ҷонро, кулли ҷаҳонро Мо мешиносем аз дур, аз дур…