Туро дорам, туро, сад шукр, сад шукр,
Туро дорам, туро, сад шукр, сад шукр,
Азизи нонамо, сад шукр, сад шукр.
Кам аст, оре, кам, аз як лаҳза ҳам кам,
Чу гӯям қарнҳо сад шукр, сад шукр.
Биёяд субҳ чун ваҳйи сафедат
Зи боми кибриё, сад шукр, сад шукр.
Ту сарлавҳи манӣ, эй хатми зебо,
Ай охирибтидо, сад шукр, сад шукр.
Агарчанде маро додӣ аз оғоз
Сириште норасо, сад шукр, сад шукр.
Дили хушбахти ман бо савти гуп - гуп
Нидо дорад, нидо: сад шукр, сад шукр.
Маро як вожа нозил кун, ки дорад
Яку ними ҳиҷо, сад шукр, сад шукр.
Чу номатро бигирам ошиқона
Бигӯяд нӯҳ само: сад шукр, сад шукр.