Чеҳраи асли худ намо, боз фикан ниқоби ғайр,
Чеҳраи асли худ намо, боз фикан ниқоби ғайр,
Чанд ба хирагӣ шавӣ ҳолаи моҳтоби ғайр.
Ин ҳама фахру ноз чист, эй ки ҳамора будааст
Мастият аз шароби кас, серият аз кабоби ғайр.
Ҷайби пур аз калидро рӯзи аҷал куҷо барӣ,
Қуфли дари сахо кушо, бахш ҷавоби оби ғайр.
Рӯзи ҳисоб чун расанд пеши ту Мункару Накир,
Фош шавад, ки нестат ҷуз гунаҳу савоби ғайр.
Хираву ноаён шудӣ дар таҳи сояи касон,
Ранг бадал намудаӣ дар дами офтоби ғайр,
Вой, ки мекашад касе бо расанаш тани туро,
Боз ба даври гарданат ҳалқа шавад таноби ғайр.