Дил бастаӣ ба ҳола, ай аз моҳ бехабар,
Дил бастаӣ ба ҳола, ай аз моҳ бехабар,
Берун биё зи сояву хуршедро нигар.
Шӯҳрат магӯву ҳошияро интихоб кун,
Бо ҷазба соз ҳошияро маркази назар.
Мардест ин замона, ки майлаш ба қанд нест,
Беҳуда рехтам ба лаби вожаҳо шакар.
Имшаб шаби зифофи гули ёсу шабнам аст,
Урдибиҳишт ғусл кунад бо гулоби тар.
Дар пушти шиша маҳ ба балоғат расидааст,
Боло бирав ба дуздии зардолуи қамар.
Аз кист ин китоби “Чунин гуфт Зардуҳишт”*
В-ин хатти лутфи кист: “ба ҳурии нилуфар”...
Ҷонам шавӣ, ки ҷони ҳарирам шинохтӣ,
Эй сурати ниҳон, ба ниҳонам биё, бибар!
Як лола рехт дар қафаси сина болу пар,
Бар гӯри лола нола кун, эй нозанинписар.
Андар китоби сурхи дилам зикри номи туст,
Эй охирин намунаи некӯии башар!
* Дар маҳфиле ношиносе (ки сурати худро нанамуд),
бо қосид чандин китобро тӯҳфаам фиристод, ки
“Чунин гуфт Зардушт”-и Ничше якеи онҳост.