Мард шав, дил, биё, мубориза бар,
Мард шав, дил, биё, мубориза бар,
Аз барои Худо мубориза бар.
Сад адӯ симхори роҳат шуд,
Бо ҷадал раҳ кушо, мубориза бар.
Гар ба поён кашад таноби рақиб,
Боз боло баро, мубориза бар.
Партави Ҳақ, ки шустушӯят дод,
Бо ғубори риё мубориза бар.
Боз дар ҷабҳа теғи хома фурӯз,
Боз дар инзиво мубориза бар.
Сабз дар сабз дар муқобили дай
Сур шав, бо азо мубориза бар.
Ашкро қуфл зан, бурун магузор,
Сар бибур оҳро, мубориза бар.
Дар ту ҷанганд «не»-ву «ҳо»-и фузун,
Бо ҳама «не»-ву «ҳо» мубориза бар.
Дам нашин, хешро ба тӯфон зан,
Ё фурӯ мир ё мубориза бар!