Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бизӣ, эй ишқ, эй шодии оғоз,

Бизӣ, эй ишқ, эй шодии оғоз, Ҷавонизор кун рӯҳи маро боз. Бизӣ, эй орзуи сабз дар сабз, Паёпай реша густар, қомат афроз. Дили бетавбаи ман пургуноҳ аст, Шафоатхоҳ шуд ин ғунчаи роз. Ба подоши тапишҳои зиёдаш Дилам бар зиндагӣ пардозад андоз. Зи анбӯҳи хамӯшистони сина Пас аз сад қарн ҳам меояд овоз. Туро эъҷоз ҳасту Исие нест, Маро Исист, аммо нест эъҷоз. Ало, эй будаи ҳаргиз набуда, Диламро бо дилат мебинам анбоз. Чу ман рафтам, ҳуруфамро навонав Баҳори сабзхат месозад иброз.