Баргҳо каф мефишоранд, оби раҳмат, рез боз,
Баргҳо каф мефишоранд, оби раҳмат, рез боз,
Гавҳари ҳар қатраро дар гӯши гул овез боз.
Бо рагам пайванд кун шарёни худро, эй баҳор,
Дар дили афсурдаи ман хуни нав ангез боз.
Нахлҳои сарбурида, хунатон дар гарданам,
Мешавед андар биҳишти он ҷаҳон гулхез боз.
Марғзоре ку дигар дар ин замини заҳрбор,
То биёяд бо шамими сабзааш Шабдез боз.
Тангдастӣ ворисонро кард арманнонавоз,
Ишқи Ширинро чӣ нозӣ, Хусрави Парвиз боз.
Нохудое киштии моро ба тӯфон мебарад,
Фурсат аз каф меравад, боди барин, бархез боз!