Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бишкуфт ё фусурд ин лолаи маҷоз,

Бишкуфт ё фусурд ин лолаи маҷоз, Инро бирав, бипурс аз ёри лоласоз. Дар озмуни дав якбора ғайб зад Дар хамгаҳи уфуқ хуршеди яккатоз. Ин беқаноатӣ моро фақир кард, Эй дил, талаб макун беш аз ҳади ниёз. Бо халқ ҳамнаво, ҳамхоку ҳамфазо Бигзор то зиям бе ҳеч имтиёз. Дасти маро бигир, ояндаи мунир, Ҷое, ки мебарӣ, шеб аст ё фароз. Ҷоно, зи нокуҷо бар таҳният биё, Оиназор шуд дил чун тилисми боз.