Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Нарм-нармак тор зан, эй абри абрешимнавоз,

Нарм-нармак тор зан, эй абри абрешимнавоз, То дили дунёи милёнсола ояд дар гудоз. Талх бигристиву мижгони касе ҳам хам нахӯрд, Чашми мо кайҳо шакарпайванд шуд бо хоби ноз. Пур шудам аз лаззати ҳастӣ, чу донистам, ки ҳаст Орзуманде, ки бар ҳастии ман дорад ниёз. Ёри хуршедии ман дар авҷҳои кибриёст, Чун нишебаш оварам ё чун бароям бар фароз. Домани дарё, ки бошад ҷонамози офтоб, Домани чашми кӣ бошад ёри моро ҷонамоз?! Бандаи густохро маъзур медор, эй Худо, Ин ки нофарзонае аз худ шавад фарзонасоз. Худ ба худ гап мезадам, то хандаи ғайрам бурид, Аз куҷо номаҳраме омад ба хилватгоҳи роз. Рӯз бо як чашми хуршедӣ ҷаҳонбин гаштааст, Шаб ҳазорон чашми кавкаб дораду кӯр аст боз.