Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биё, дар пардаи гӯшам садо рез,

Биё, дар пардаи гӯшам садо рез, Биё, борони рӯҳонӣ, биё, рез. Бишӯ фикри маро бо фикри покат, Ба хоки сифла атри кибриё рез. Биё, шаҳзодаи урдибиҳиштӣ, Ба роҳам лолаву ёсу ҳино рез, Сабоҳе пираҳан каш аз дили ман, Шабе дар чашми урёнам ҳаё рез. Ба сидқи ман хиёнат кард олам, Ту арши мардиӣ, танҳо вафо рез. Гуловез омадам, рафтам гуловез, Ба гулҳои сухан оби бақо рез. Ба ҷонам, эй нишоти лоязолӣ, Биё ҳоло, биё ҳоло, биё, рез.