Дилам ҳавои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз,
Дилам ҳавои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз,
Фасонаҳои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз.
Бубин, ки оинадори фалак нӯҳ оинаро
Ба рӯнамои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз.
Башар барои таяммум дар ин гуноҳистон
Ғубори пои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз.
Ҳанӯз миси дилам чашмдори зар шудан аст,
Ки кимиёи ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз.
Диле, ки қитъаи яхбастаи шимолӣ шуд,
Фару шуъои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз.
Касе қадимтарин ё ки навтарин дилро
Фақат барои ту мепарварад ҳанӯз, ҳанӯз.