Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рафтиву дар фасонаи дил мондаӣ ҳанӯз,

Рафтиву дар фасонаи дил мондаӣ ҳанӯз, Дар мармаре забонаи дил мондаӣ ҳанӯз. Амвоҷи вақт хост ба соҳил фиканданат, Аммо ту дар миёнаи дил мондаӣ ҳанӯз. Гарчи зи ҳафт хонаи чашмам бурун шудӣ, Андар чаҳор хонаи дил мондаӣ ҳанӯз. Дар ин дайе, ки мурдаи гул зери барф монд, Навбаргу навҷавонаи дил мондаӣ ҳанӯз. Садсола гашту сар нафаровард бар завол, Узри дилу баҳонаи дил мондаӣ ҳанӯз. Садпора шуд анор, ки ту бар замин задӣ, Дар дона-дона - донаи дил мондаӣ ҳанӯз. Дар тангнои шашдараӣ, эй қафаснишин, Раҳҷӯи бекаронаи дил мондаӣ ҳанӯз. Дар бойгонии башар, эй қалби пири ман, Чун нусхаи ягонаи дил мондаӣ ҳанӯз.