Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилам дар шаккаристон аст имрӯз,

Дилам дар шаккаристон аст имрӯз, Шакарваштар зи бӯстон аст имрӯз. Баҳоро, мизбонӣ кун диламро, Ки дар хони ту меҳмон аст имрӯз. Биё бар зодрӯзи як гули сурх, Ки чун анқо намоён аст имрӯз. Се ҳарф аз арш бар ёриям омад, Ҳама душворам осон аст имрӯз. Дилам бо содагии кӯдакона Туро пазмони пазмон аст имрӯз. Нишоти бетуиям ботуӣ шуд, Ғулувви васлу ҳиҷрон аст имрӯз. Агар ту заррабини ғайб дорӣ, Бубин, ҳар зарра кайҳон аст имрӯз. Итобам буд агар, вопас гирифтам, Хитоби ман ба Инсон аст имрӯз. Бифармо, дар дили нозуктабиат Аҷаб хуршеду борон аст имрӯз.