Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

ГУЛИ НАРГИС

ГУЛИ НАРГИС (Барои Наргиси Фарзод, ки ашъори бандаро ба инглисӣ тарҷума карда) Тарҷумони рози ман, Наргис, эй гули Наргис, Шореҳи гудози ман, Наргис, эй гули Наргис. Рустамӣ, ки, эй бону, мекашӣ бад - ин бозу Сад қатора нози ман, Наргис, эй гули Наргис. Арғунуни рӯҳамро менавозад овозат, Арғунуннавози ман, Наргис, эй гули Наргис. Бекалид ҳам во шуд дар масоҳати фикрат Сад қафас маҷози ман, Наргис, эй гули Наргис. Рӯҳи авҷпаймоят бо сууди андак кард Фатҳи сад фарози ман, Наргис, эй гули Наргис. Эй табассуми Ҳурмуз, эй таҷассуми наврӯз, Рамз, рамзи бози ман, Наргис, эй гули Наргис. Гул муназзими ман шуд, гул мутарҷими ман шуд, Шукри корсози ман, Наргис, эй гули Наргис.