Дӯст, аз будани бемаърифатам ҳеч мапурс,
Дӯст, аз будани бемаърифатам ҳеч мапурс,
Чун туӣ подшаҳи мамлакатам, ҳеч мапурс.
Он чӣ аз халқ ниҳон аст, зи Ҳақ пинҳон нест,
То туӣ оинаи шашҷиҳатам, ҳеч мапурс.
Дӯш мегуфтамат, аз лутф ба пурсиш фармой,
Гӯям, инак, ки бикун марҳаматам, ҳеч мапурс.
Сад гунаҳ дораму шармандаам аз камгунаҳӣ,
Эй ҳама раҳмату эй мағфиратам, ҳеч мапурс.
Мубтадои нафасам сураи Алҳамди ту буд,
Хайр бахшо ба ману оқибатам, ҳеч мапурс.
Ишқ, бар ҳурмати ширинии ҳар хотираат
Нав ба нав боз бигӯ таҳниятам, ҳеч мапурс.
Бо хаёлат садафи холии ман гавҳар баст,
Баъд аз ин низ бикун тарбиятам, ҳеч мапурс.