Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Сад ҷурм гирифтӣ, ки чунин бошу чунон бош,

Сад ҷурм гирифтӣ, ки чунин бошу чунон бош, Яъне ки ту ҳам нусхарабои дигарон бош. Ин тавр биёро руху он тарз бинеҳ по, Эй маҳви худӣ, мисли фалониву фалон бош. Он қадр ту хосӣ, ки шудӣ масхараи ом, Ҳангомаи офоқ нашав, чун ҳамагон бош. Гуфтам: натавонам чу ту будан, чӣ тавон кард, Бар айби ман, эй дӯст, ту ҳам дастфишон бош. Гӯям ба худ, эй ман, гузар аз ман-мании худ, Аз ин ману ту баршаву то дӯст равон бош. Ёр омаду рафт, оҳи варо гӯш накардӣ, Инак, зи ғубори қадамаш бӯсаситон бош. Шаб талхакаф аз рахнаи гулбонги тулӯъест, Дар шабкадаҳо таркиши овози азон бош. Хуршед, ба поён нафаро, туф бикунандат, Ҳам чашмрабо бошу ҳам аз чашм ниҳон бош. Эй сабзтарин, сабзтарин сабзтарин ишқ, Сад қарн ҷавон, боз ҷавон, боз ҷавон бош.