Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Магӯ алайки саломам, вале саломат бош,

Магӯ алайки саломам, вале саломат бош, Мадеҳ ҷавоби паёмам, вале саломат бош. Бимон, ки ҳеч насиме зи кӯи ту н-орад Шамимае ба машомам, вале саломат бош. Бимон зи ҳофизаат ҳамчунон зи гунбади субҳ Парад кабӯтари номам, вале саломат бош. Бидуни дард биёрому эътибор надеҳ Ба дардҷӯши қиёмам, вале саломат бош. Бидуни мӯҳру хати муншии идоманавис Буридааст давомам, вале саломат бош. Ҳамора даст фишон, даст, эй ба ҷон пайваст, Ба ин маҷозу иҳомам, вале саломат бош. Наё, ба ёд наёвар, ба ман танаффур варз, Ба поси меҳри мудомам, вале саломат бош.