Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Нахустин туӣ, охирин ҳам ту бош!

Нахустин туӣ, охирин ҳам ту бош! Ҳамин як туӣ, ҳарду олам ту бош! Дилам рехт бар хок, аз осмон Фуруд о, Масеҳои Марям ту бош! Маро сабз кун, сабз кун, сабз, сабз, Дар ин шӯразор оби Замзам ту бош. Диламро бараҳна ба дастат бигир, Нигаҳдори як дона шабнам ту бош. Чиҳил рӯз хушбахт кун ишқро, Дар ин чиллагаҳ шамъи маҳрам ту бош. Барои дили ту якам аз ҳазор, Барои дили ман муқаддам ту бош. Ягонатарино, барои дилам Ҳама дам, ҳама дам, ҳама дам ту бош!