Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ало посух надода бар саломи ман, саломат бош,

Ало посух надода бар саломи ман, саломат бош, Бубин аз дур сӯзи нотамоми ман, саломат бош. Дар аввал ҳарфи ман дар пештоқи хона бинвишта, Сипас аз лавҳи дил бистурда номи ман, саломат бош. Чӣ созам, чанбари афлок бар дастам намеояд, Нашуд ин тавсани худрой роми ман, саломат бош. Паёматро намеорад, ки сарзеру хиҷолатманд Нишинад моҳвора рӯи боми ман, саломат бош. Ба побӯси ту хоҳам рафт, эй ангезаи меъроҷ, Агарчи манъ ҳам созад мақоми ман, саломат бош. Пас аз сад сол ҳам хонандае табрик мегӯяд Тулӯъи тозаатро дар каломи ман, саломат бош. Чу Сино омадӣ, эй чорасози охирини дил, Ба Азроил то бахшӣ зимоми ман, саломат бош. Намешояд ба ишқи чун мане ҳам нуқта бигзорӣ, Пас аз нуқта тамошо кун давоми ман, саломат бош.