Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Як ҷаҳон сухан дорам бо ҷаҳони маҳкамгӯш,

Як ҷаҳон сухан дорам бо ҷаҳони маҳкамгӯш, Ҳолиё, ки мехонад дар қафас дили навҷӯш. Матлаат чӣ буд, эй дил, мақтаат чӣ хоҳад буд, То куҷо тапиш дорӣ фориғ аз пагоҳу дӯш. Зарбае расад аз хасм, зарбаи дигар аз дӯст, Мешавад зи ҳар зарба зарбаҳои дил хомӯш. Зери гунбади каҷрав ҳар дақиқа нав бар нав Мерасад ба қабристон як савори махмалпӯш. Базми бемайи мо ҳам ифтитоҳу охир шуд Бе нидои бодобод, бе садои нӯшонӯш. Бар паропарии мо, эй қазо, манеҳ сакта, Бар кабӯтарии мо, эй фазо, кушо оғӯш.