Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шамими ишқ меояд зи себистони субҳоғӯш,

Шамими ишқ меояд зи себистони субҳоғӯш, Шафақ дар шохи миноӣ шакарсебест атласпӯш. Шаби дӯшин нигаҳ кардам, ки дар гулгашти маҳтобӣ Фалак ҳам як сабад себи ситора мебарад дар дӯш. Ба чашмони ту маъмулист ҳар чизи муқаддас ҳам, Дили ман себи одӣ нест, ин ёқутро мафрӯш. Надонистӣ, ки бе заҳмат шудӣ бо офтоб анбоз, Нафаҳмидӣ, ки бе рухсат майи хуршед кардӣ нӯш. Ҷавонмардӣ чӣ мехоҳам зи дунони муханнасрӯҳ, Мусалмонӣ чӣ меҷӯям зи холигоҳи кофарҷӯш. Агар бечора ҳам бошам, ба дӯшам ин рисолат ҳаст: Ба оҳи дардмандон гӯш додан, гӯш додан, гӯш. Хиёнат кард саркӯбат, риё аз пушт зад чӯбат, Дили ман, мурда ҳам бошӣ, бизӣ, фардо бисоз аз дӯш. Ҷавонӣ рафт, эй тӯфонхурӯҷи ишқи бепосух, Биё, хомӯш шав, хомӯш шав. На, на, машав хомӯш!